Июл 30, 2016 19:24 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Иртиботи Саудӣ бо Исроил ошкор шудааст

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи иқдомоти фитнаафканонаи режими Оли Сауд дар минтақа ва зиёни кишварҳои исломӣ аз ин иқдомот, ҳушдор дод.

Саид Ҳасан Насруллоҳ рӯзи ҷумъа дар маросими бузургдошти шаҳид Ҳоҷӣ Исмоил Аҳмад Зуҳрӣ, аз фармондеҳони муқовимат, вазъияти кунунии минтақаро буҳронӣ тавсиф кард ва гуфт, минтақа дар яке аз бадтарини давраи худ ба сармебарад ва Арабистони Саудӣ аз авзоъи кишварҳои арабӣ барои аланӣ кардани равобити худ бо Исроил сӯиистифода мекунад.

Вай ошкор шудани равобити Арабистони Саудӣ бо режими саҳюнистиро бадтарин рӯйдод дар арсаи ҳукуматҳои расмӣ дар бурҳаи ахир донист ва таъкид кард, ҳама бояд оддисозии равобит бо Исроилро аз ҳар тарафе, ки бошад рад ва маҳкӯм кунанд.

Насруллоҳ бо ҳушдор дар бораи бурӯзи фоҷеъаи фикрӣ- фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом бо иқдоми Оли Сауд, гуфт, фатвоҳои ҳайати "Киборул- уламои Арабистон", дар бораи робита бо режими саҳюнистӣ омодаи судӯр аст ва Оли Сауд мехоҳад ба сӯрати шаръӣ, фиқҳӣ ва фатвоӣ, роҳро барои сулҳ бо Исроил боз кунад, ки ин масаъла, хатарноктарин мавзӯ дар оддисозии равобити режими Саудӣ бо Исроил аст.

Насруллоҳ дар бахши дигаре аз суханони худ, гуфт, фарҳанги гурӯҳҳои террористӣ, қатл, сар буридан ва нобудӣ аст, ҳар чанд, ки номҳои мутафовите дошта бошанд.