Трамп дар пайи дӯстӣ бо Русия
Дар айни танишҳо дар равобити Маскав ва Вашингтон, раиси ҷумҳурии ояндаи Амрико дар талош аст номи Русияро аз феҳристи таҳдидот алайҳи Амрико хориҷ кунад.
Рӯзномаҳои русӣ ба санаде даст ёфтаанд, ки гуфта мешавад тавассути гурӯҳи кории Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико танзим шудааст. Дар ин санад, ки ба таҳдидот алайҳи ин кишвар ишора дорад, номе аз Русия бурда нашудааст ва фақат гурӯҳи террористии ДИИШ ва камбуди буҷаи низомии Амрико ба унвони таҳдидоти фаврӣ алайҳи ин кишвар муаррифӣ шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳамакнун равобити Амрико ва Русия бар сари мавзӯоте назири буҳронҳои Сурия ва Украина ва ҳамчунин истиқрори сомонаҳои мушакии Амрико дар шарқи Аврупо ба шиддат муташанниҷ аст. Мақомоти рус ҳатто эълом кардаанд, ки ба далели ихтилофи назари амиқ миёни ду кишвар, каналҳои иртиботӣ миёни Русия ва Амрико қатъ шудааст. Барак Абама, ки камтар аз як моҳи дигар раиси ҷумҳурии Амрико хоҳад буд, ҳушдор додааст, ки мудохилаи Русия дар фароянди интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳатто метавонад ба бурузи ҷанг миёни ду кишвар мунҷар шавад.
Бо вуҷуди чунин ҳушдорҳо, ба назар мерасад раиси ҷумҳурии баъдии Амрико қасд дорад ҷиҳатгирии ин кишвар дар қиболи Русияро ба шакли эҳсосшавандае тағйир диҳад. Трамп дар тӯли муборизоти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба каррот бар ҳамкорӣ бо Русия таъкид карда буд. Муаррифии Рекс Тиллермон ба унвони вазири умури хориҷаи давлати Трамп, ки дӯстии наздик бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дорад, умедҳо ба беҳбуди муносибот миёни Маскав ва Вашингтонро тақвият кардааст. Трамп таъкид дорад, ки ҳалли бархе аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо ДИИШ ё таҳдидоти атомии Кореяи шимолӣ бидуни ҷалби ҳимоят ва мушорикати Русия имконпазир нахоҳад буд.
Бо ин ҳол, дигар изҳорот ва мавозеи Трамп, аз ҷумла муаррифии генерали бознишаста Ҷеймз Мотис ба унвони вазири дифои давлати баъдӣ, фарде, ки ба мавозеи зиддирусӣ шӯҳрат дорад, эҳтимоли тағйири рӯйкарди давлати Трамп ба Маскавро коҳиш додааст. Зимни ин, ки агар Трамп бихоҳад шиори "Дубора Амрикоро қудратманд созем"-ро ба иҷро дароварад, бо дигар бозигарони арсаи низоми байналмилал, аз ҷумла Русия бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд. Трамп таъкид дорад, ки Амрико бояд ҳар он чи ки ба салоҳ ва ба нафъи худ медонад, анҷом диҳад. Рӯйи даст гирифтани чунин равишҳои якҷонибагароёна метавонад вокуниши мутақобили қудратҳои ҷаҳониро барангезад.
Ба ҳар ҳол, то замоне, ки давлати ҷадид дар Амрико мустақар нашуд ва иқдомоти амалӣ дар ростои танишзудоӣ бо Русия анҷом надиҳад, имкони арзёбии дақиқ аз ояндаи равобити Вашингтон ва Маскав вуҷуд нахоҳад дошт. Ба вижа ин ки раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар моҳҳои ахир ба каррот мавозеи мутаноқиз дар хусуси мавзӯоти мухталиф рӯйи даст гирифтааст, ки муҷиби тақвияти беэътимодии ҷомеаи ҷаҳони ба давлати баъдии Амрико шудааст.