Август 31, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Шодии мардуми Габон аз инҳилоли давлат дар ин кишвар
    Шодии мардуми Габон аз инҳилоли давлат дар ин кишвар

Сооте пас аз кудато ва инҳилоли давлат дар Габон, мардуми ин кишвар барои ибрози шодӣ ба хиёбонҳо омаданд

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, ду моҳ пас аз кудато дар Нигерия, гурӯҳи аз низомиён ва афсарон  полис дар Габон рӯзи чаҳорашнбе дар баёнияи матбуъотӣ лағви интихобот, инҳилоли ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва поёни тамоми фаъолиятҳои давлатро эълом карданд.

Дар ин баёния омадааст: Ҳукумати ғайримасъулона ва ғайри қобили пешбинӣ мунҷар ба вахомати мудовими инсиҷоми иҷтимоъӣ мешавад ва кишварро ба самти ҳарҷ ва марҷ савқ медиҳад ва мо тасмим гирфтаем бо поён додани ба режим аз сулҳ дифоъ кунем.

Дар идомаи баёния омадааст: Ҳамаи ниҳодҳои Ҷумҳӯри мунҳал шудаанд, Давлат, Сано, Маҷлиси Миллӣ, додгоҳи қонуни асоси, мо мардумро ба оромиш даъват мекунем ва бори дигар бар пойбандии худ  ба эҳтиром ба таъаҳудоти Габон дар қиболи ҷомеъаи байналмиллалӣ таъкид мекунем.

Кишвари Габон дар ғарби Африқо воқеъ аст. Ду миллион нафар ҷамъият  ва 267 ҳазор киламетр мурабаъ масоҳад дорад. Ин чаҳорумин кудато дар ғарби Африқо дар ду соли ахир баъд аз кудатоҳои Малӣ, Бурхина-Фасо ва Нигерия аст.