Декабр 30, 2016 20:23 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Флиппин бештар сафирони Амрикоро ҷосус донист

Раиси ҷумҳурии Флиппин сафирони Амрикоро ба ҳамкорӣ бо ожонсҳои иттилоотии Амрико барои ҷосусӣ ва тазъифи давлатҳо муттаҳам кардааст.

Родриго Дутерте рӯзи панҷшанбе дар изҳороте, ки мумкин аст бар тирагии равобит миёни Манила ва Вашингтон бияфзояд, гуфт: “Бештар сафирони Иёлоти муттаҳида, на ҳамаи онҳо, дар воқеъ сафир нестанд. Онҳо ба таври ҳамзамон ҷосусӣ мекунанд ва бо СИА иртибот доранд”.

Вай афзуд: “Сафири як кишвар ба навъе ҷосуси дараҷаи як ба шумор меояд. Аммо сафироне аз Амрико ҳастанд, ки дар воқеъ нуқтаи қуввати онҳо дар тазъифи давлатҳост”.

Ӯ дар вокуниш ба гузориши ахири рӯзномаи флиппинии “Манила таймз”, мабнӣ бар тавтеаи Амрико барои бесубот кардани давлати Флиппин гуфт: “Ҳанӯз ҳеҷ гузориши иттилооте дар бораи тарҳи Амрико барои тазъифи раёсати ҷумҳуриам дарёфт накардаам, аммо муътақидам, бештари сафирони Иёлоти муттаҳида бо Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА) дар иртибот ҳастанд, созмоне, ки дар дахолат дар умури сойири кишварҳо собиқаи тӯлонӣ дорад”.

Рӯзномаи “Манила таймз” рӯзи сешанбе гузориш дод, Флипп Голдберг, сафири собиқи Амрико дар Флиппин тарҳеро барои тазъифи давлати Дутерте омода кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Голдберг роҳбурдҳои мухталиферо тадвин кардааст то дар муддати 18 моҳ давлати Дутерте барканор шавад.

Вашингтон аз мунтақидони сарсахти тарҳҳои раисҷумҳури Флиппин дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аст, дар ҳоле, ки сиёсати Дутерте дар мубориза бо маводи мухаддир, аз ҷумлаи авомили муассир дар афзоиши маҳбубияти умумии вай ба шумор меояд.

 Равобити Вашингтон ва Манила то сатҳи бесобиқа коҳиш ёфтааст ва эҳтимол меравад изҳороти раисҷумҳури Флиппин ба равобити дипломатӣ миёни ду кишвар низ таъсир расонад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико гузориши рӯзномаи флиппинӣ алайҳи Голдбергро рад кардааст.

Даниел Русел, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар ҳавзаи шарқи Осиё ва уқёнусия, иддаои рӯзномаи флиппиниро рад карда ва гуфтааст, чунин тарҳе вуҷуд надорад.

Пеш аз ин дар моҳи ҷории мелодӣ, Сафорати Амрико дар Флиппин эълом кард, ба хотири изҳороти Дутерте, кӯмак ба Маниларо мутаваққиф мекунад.

 Раисҷумҳури Флиппин дар вокуниш ба ин ҳаракат гуфт, кишвараш метавонад бидуни кӯмаки Амрико умури худро идора кунад.

Дутерте дар моҳи ноябр дар як тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико гуфтугӯ кард. Трамп дар ин тамоси телефонӣ аз муборизаи вай бо қочоқи маводи мухаддир истиқбол кард ва барояш орзӯи муваффақият намуд.