Декабр 20, 2023 11:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Шикаста шудани рекорди ҷаҳонии баҳоӣ маскан дар Туркия
    Таҳлил: Шикаста шудани рекорди ҷаҳонии баҳоӣ маскан дар Туркия

Таварруми бесобиқа дар ҳавзаи амлоки Туркия, рекордҳои ҷаҳониро ҷо ба ҷо ва хариди маскан дар ин кишварро ба руё табдил кардааст.

Хонум " Ҳафиза Ғоя Арқон " раиси Бонки марказии Туркия, ки таҷрибаи солҳо зиндагӣ дар Амрикоро дорад, ахиран дар мусоҳиба бо рӯзномаи Ҳуррият эълом кард : " Қимати апартамент дар Истонбул. ҳатто аз қимати хонаҳои Манҳаттани Ню-Йорк ҳам болотар рафтааст ва ин мизони таваррум, табиӣ нест ".

Бар асоси шохиси ҷаҳонӣ қимати маскан. ки дар он " Ноит  Франк" як ширкати байналмилалии мушовараи амлоки 56 кишвар ва  минтақаро мавриди баррасӣ қарор додааст - қимати маскан дар Туркия дар се моҳаи нахусти соли ҷорӣ ( 2023 ) дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 2022 бо рекорди шикании афзоиши ҳудуди як ва чаҳор даҳуми баробарӣ. бо фосилаи бисёр зиёди аз ҳамаи кишварҳои дигари мавриди мутолиа сабқат гирифтааст. Баррасии тағироти қимати маскан нишон медиҳад се шаҳре, ки қимати маскан дар онҳо бештарини афзоишро доштааст ،  ҳар се дар Туркия қарор доранд. Ин шаҳрҳо ба тартиби Анкара ، Азмир ва Истанбул ҳастанд .

Барин асос. пас аз Туркия, ки дорои таварруми маскан беш аз як мумайизи се даҳум баробарӣ аст، соири кишварҳои ҷаҳон бо фосила бисёр зиёде аз Туркия қарор доранд. Бар асоси оморҳои расмии эълом шуда , Мақдунияи шимолӣ бо 18/8и дарсад ، дар рутбаи дувум қарор дорад . Пас аз ин кишвар, Харватия бо 17/3  дарсад , Маҷористон бо 16/6 дарсад ва  Литва бо 15/3 дарсад дар радаҳои баъдӣ ҷой доранд. Ин афзоиши чашмгири қимати маскан дар Туркияи камии қобили тааммул ва дар таърихи Туркия бесобиқа аст. Чаро ки. иҷораи апартаментҳои маъмулӣ дар шаҳрҳои мухталифи Туркия низ баъзан беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст ва даҳҳо ҳазор хонивори мустаҷир, аз маркази шаҳр ба самти ҳошияҳои шаҳрҳо нақли макон кардаанд .

Мухолифони давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамчунин таъкид мекунанд, ки мудириятҳои нокоромад ва  иттихози тасмимоти ғалат дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ аз ҷумлаи ҳимоят аз муъоризини сӯрӣ ва гушӯдани марзи Туркия ба рӯй миллионҳо овора ва  паноҳҷуи сӯрӣ дар канори эътои тобеъияти Туркия ба хориҷиҳо ба вижаи атбоъи Сурия ба изои хариди мулк, таъсири маъкусе бар қиматҳои маскан дар кишвар бар ҷой гузошта ва ба раванди тахриби иқтисодӣ ин кишвар кумак кардааст . Дар айни ҳол ، ба зиндагии шаҳрвандони Туркия латма задааст . Чаро, ки онон барои иҷора ва  хариди маскан، бо мавонеъи бузургтари рӯбарӯ шудаанд.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз буҳрони маскан дар Туркия бояд гуфт : Афзоиши нархи таваррум дар бахшҳои ғизо ва  пӯшок. таварруми рекодшикан ва бесобиқа дар бахши маскан ва  бекории густарда аз ҷумлаи умдатарин нишонаҳои пойдории буҳрони иқтисодӣ дар Туркия аст ва  баъӣд ба назар мерасад, ки дар соли 2024 мелодӣ, иқтисоди буҳрон задаи ин кишвар равнақи чандонеро шоҳид бошад