Трамп радди салоҳият шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i110138-Трамп_радди_салоҳият_шуд
Салоҳияти Трамп барои интихоботи 2024 рад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 20, 2023 14:35 Asia/Dushanbe
  • Трамп радди салоҳият шуд

Салоҳияти Трамп барои интихоботи 2024 рад шуд.

Додгоҳи олии Колорадо, салоҳияти Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрикоро барои ҳузур дар интихоботи ин иёлат дар соли 2024 рад кард.

Додгоҳи олии Колорадо рӯзи сешанбе Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрикоро ба далели нақши вай дар ҳамлаи 6 январи 2021 ба сохтумони Конгресси Амрико тавассути ҳомиёнаш, аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли ояндаи ин иёлат рад салоҳият кард.

Ин ҳукми Трампро ба аввалин номзади раёсатҷумҳурӣ дар таърихи Иёлоти муттаҳида табдил мекунад, ки аз тасаддии мақоми давлатӣ манъ мешавад.

Ин радди салоҳият, ки бар асоси ислоҳияи чаҳордаҳуми Қонӯни асосии Иёлоти муттаҳида анҷом шудааст ва ба нудрат истифода мешавад, мақомотеро, ки дар «шӯриш» ширкат кардаанд, барои Кохи Сафед воҷиди шароит намебинад.

Дар раъйи додгоҳи Трамп низ омадааст, ки додгоҳ ба ин натиҷа расид: «Қонӯни асосии Иёлоти муттаҳида номзади пештози Ҷумҳурихоҳон дар соли 2024-ро ба далели нақши ӯ дар таҳрики хушунат алайҳи давлати Иёлоти муттаҳида аз ҳузур дар интихобот манъ кунад.»

Ин ҳукм фақат барои интихоботи муқаддамотии Ҷумҳурихоҳон дар 5 марти ин иёлат эъмол мешавад, аммо натиҷагирии он эҳтимолан бар вазъияти Трамп барои интихоботи саросарии 5 ноябр низ таъсир мегузорад.

Пешбиникунандагони интихоботи ғайриҳизбии Иёлоти муттаҳидаи Колорадоро як иёлати амн барои демокротҳо медонанд, ба ин маъне, ки Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико бидуни дар назар гирифтани сарнавишти Трамп, эҳтимолан барандаи интихобот дар ин иёлат хоҳад буд.

Сухангӯи Ситоди интихоботии Трамп дар ин бора гуфт: «Девони олии Колорадо имшаб як тасмими комилан ноқис содир кард ва мо ба суръат ба додгоҳи олии Иёлоти муттаҳида дархости таҷдиди назар хоҳем дод ва ҳамзамон дархости дигаре барои таваққуфи ин тасмими амиқан ғайридемократӣ ироа хоҳем кард».

Ин тасмим як пирӯзӣ барои гуруҳҳои мухолифи Трамп аст, ки чандин чолиши қонӯнии мушобеҳро барои номзадии Трамп бар асоси ислоҳияи чаҳордаҳуми Қонӯни асосии Иёлоти муттаҳида, ироа кардаанд.

Вукалои мухолифи Трамп умедворанд аз ин парванда барои тақвияти талошҳои густардатар барои радди салоҳияти вай истифода кунанд ва ба таври билқувва мавзӯро дар Додгоҳи олии Иёлоти муттаҳида матраҳ намоянд.