Август 01, 2016 11:14 Asia/Dushanbe
  • 20 марди мусаллаҳ дар Эреван худро ба полис таслим карданд
    20 марди мусаллаҳ дар Эреван худро ба полис таслим карданд

20 марди мусаллаҳ дар Эреван, ки аз 16 рӯз пеш бо дархости озодии раҳбари ҷунбиши зиддидавлатии Арманистон иқдом ба ду гаравгонгирии ҷудогона карда буданд, саранҷом худро таслими полис карданд.

Гурӯҳе аз мардони мусаллаҳ, ки аз 16 рӯз пеш сохтмони полиси минтақаи Арбонӣ дар Ереван, пойтахти Арманистонро ишғол ва ду бор низ гаравгонгирӣ карда буданд, якшанбе шаби худро таслими маъмурони амниятӣ карданд.

Ба иттилои Ирно, шумори мардони мусаллаҳи таслимшуда 20 нафар эълом шудааст ва 3 тани дигар, ки пеш аз ин дар даргириҳо захмӣ шуда буданд, ба бемористон мунтақил шудаанд.

Варужен Утисиён, сухангуи мардони мусаллаҳ дар гуфтугӯ бо як сайти хабарӣ эълом карда буд, ки роҳе ҷуз таслим пешорӯи худ надоранд, зеро муқовимат мунҷар ба хунрезии бештар мешавад.

Ҳамзамон бо таслими мардони мусаллаҳ, гурӯҳе аз мардум ба нишонаи ҳимоят аз ин афрод дар маркази Ереван шабона тазоҳурот карданд.

Мардони мусаллаҳ 11 рӯз қабл пас аз озод кардани гаравгонҳои қаблӣ, ки чаҳор маъмури аршади полис буданд, дубора чаҳор узви як гурӯҳи пизишкиро гаравгон гирифтанд, ки ононро низ рӯзи гузашта таҳвил доданд.

Гаравгонгирон аз давлати Арманистон хоста буданд, то Жирайр Сефилян, раҳбари ҷунбиши зидди давлатиро аз зиндон озод кунад, ки ба ҷурми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва муҳиммот маҳкум шудааст.

Ереван, пойтахти Арманистон пас аз оғози гаравгонгирӣ шадидтарин тадобири амниятии як даҳаи гузаштаро таҷруба мекунад.

Барчасп