Кадом касбҳо бо хатари "заволи ақл" рӯ ба рӯ ҳастанд?
(last modified Wed, 21 Feb 2024 13:45:04 GMT )
Феврал 21, 2024 18:45 Asia/Dushanbe
  • Хатари олзоймер ё заволи ақл
    Хатари олзоймер ё заволи ақл

Таҳқиқоти нав нишон медиҳад, ки корҳое, ки сатҳи баланди фаъолияти ҷисмонӣ ва баданиро талаб мекунанд, эҳтимоли гирифтории бемории олзоймер (фаромӯшхотирӣ) дар онҳо бештар аст.

Тибқи ин пажӯҳиш, афроде, ки сатҳи баланди фаъолияти ҷисмонии касбӣ доранд, 15,5 дарсад бештар гирифтори заволи ақл ҳастанд.

Ин нишондод дар нафароне, ки корашон сатҳи пасти фаъолияти ҷисмониро талаб мекунад, ҳамагӣ 9 фоизро ташкил медиҳад.

Деҳқ, ҷӯшкорон (кафшергарон) ва ороишгарон, ки дар ҷои кор ба моддаҳои химиявӣ дучор мешаванд ва онҳоро нафас мекашанд, ба бемории олзоймер бештар дучор мешаванд.

Эҳтимоли марг бар асари бемории олзоймер дар байни бонкдорон, рӯҳониёни динӣ, механики ҳавопаймо ва ороишгарон бештар аст.

Дандонризишкӣ ва домпизишкӣ дигар корҳое ҳастанд, ки дар онҳо эҳтимоли бемории олзоймер ё заволи ақл баланд аст.