Январ 15, 2017 19:12 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи Абдулҳакими Муҷоҳид аз Шӯрои олии сулҳи Афғонистон

Абдулҳакими Муҷоҳид, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон пас аз изҳороти ахири худ дар бораи Толибон, аз ин шӯро ихроҷ шуд.

Дафтари матбуотии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, лағви узвияти Муҷоҳид бо тасмими ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон рӯйи даст гирифтааст.

Абдулҳакими Муҷоҳид, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон рӯзи панҷшанбе аз гурӯҳи Толибон дар муқобили амрикоиҳо ба унвони “фариштаи сулҳ” ёд кард, ки дар даврони ҷиҳоди мардум зидди ишғолгарон ба вазифаи диниву миллии худ амал кардаанд.

Муҷоҳид ҳамчунин Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии пешин ва раиси фақиди Шӯрои олии сулҳро омили нобасомонии Афғонистон ва Аҳмадшоҳи Масъудро, ки дар қонуни асосии ин кишвар ба унвони "қаҳрамони миллӣ" муаррифӣ шудааст, ёғӣ донист.

Ниҳоди раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳам бо судури баёнияе эълом кард, давлати ин кишвар зимни эҳтиром ба асли озодии баён, ба ҳеч фарде иҷоза наме‎диҳад, қотилони занону кӯдакон ва тахрибкунандагони маконҳои муқаддасро “фариштагони сулҳ” хитоб кунад.