Январ 15, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Густариши тазоҳурот алайҳи Трамп дар Амрико

Дар остонаи баргузории маросими таҳлифи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, фаъолони зидди табъизи нажодӣ дар Амрико, тазоҳуротеро дар шаҳри Вашингтон барпо карданд.

Тазоҳуркунандагон бо сар додани шиори мо майдонро холӣ нахоҳем кард, таъкид карданд, ки ба эътирозоташон алайҳи раисҷумҳури баъдии Амрико ҳамчунон идома хоҳанд дод. Пешбинӣ шудааст, тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи Трамп то рӯзи 20 январ, замони интиқоли қудрат аз Барак Обама, раисҷумҳурии кунунӣ ба Доналд Трамп, раисҷумҳури баъдии Амрико идома ёбад.

Умуман руасои ҷумҳурии Амрико дар тӯли даврони ҳузур дар Кохи Сафед бо анвои эътирозоту тазоҳурот аз сӯи мухолифонашон рӯ ба рӯ мешаванд. Бо ин ҳол ба назар мерасад, Трамп ҳатто пеш аз вуруд ба Кохи Сафед бо чунин вазъияте мувоҷеҳ шудааст.  Қарор гирифтани номи Трамп дар зумраи руасои ҷумҳурии ақаллияти Амрико касоне, ки сирфан бо иттико ба орои электрал ва на орои мардумӣ дар интихобот пирӯз шудаанд, шароитро барои Трамп душвортар кардааст. Дар айни ҳол, баёни бархе изҳори назарҳо ва шиорҳои интихоботӣ аз сӯи Трамп дар даврони таблиғоти интихоботӣ, нигарониҳои густардаеро дар байни тайфҳои васее аз мардуми Амрико эҷод кардааст. Фаъолони ҳуқуқи маданӣ ва баробарии нажодӣ дар Амрико ба шиддат нигарон ҳастанд, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Трамп, бархе аз дастовардҳои ҷунбиши ҳуқуқи маданӣ аз ҷумла таъкид бар баробарии нажодӣ дар Амрико ба хатари афтад.

Трамп дар байни хайли касире аз мардуми Амрико ба унвони фарде бегонаситез шинохта мешавад, ки аз ҷинояткор хитоб кардани мексикаиҳо ҳеч ибое надорад. Ҳимояти ошкори ҷараёнҳои ифротӣ ва нажодпараст аз Трамп дар моҳҳои ахир бар ин нигаронӣ афзудааст.   Ин дар ҳолест, ки кобинаи Трамп ба унвони кобинае тақрибан сифедпуст бо ҳадди ақали ҳузури занон шинохта мешавад. Дар ҷамъи вузарои пешниҳодии Трамп, дар ҳоли ҳозир фақат номи як сиёҳпуст ба чашм мехурд. Дар ҳоле, ки ҳатто дар давлати Ҷорҷ Буш низ симматҳои муҳиме ҳамчун мушовири амнияти миллӣ ё вазорати хориҷа дар ихтиёри сиёҳпустон буд.

Албатта эътирозот алайҳи Трамп дар рӯзҳои ахир сирфан ба мавзуоти нажодӣ маҳдуд набудааст. Бархе аз коргарон низ аз барномаҳои давлати Трамп нигарон ҳастанд. Трамп қуё мухолифи афзоиши ҳадди ақали дастмуздҳо аст ва бо афзоиши молиёти сарватмандон мухолифат меварзад. Ин дар ҳолест, ки умуман курсиҳо дар кобинаи Трамп ба абарсирватмандони Уолл Стритӣ вогузор шудааст, ҳамон гурӯҳе, ки ба гуфтаи фаъолони адолати иҷтимоӣ дар Амрико ба як дарсадиҳо шуҳрат ёфтаанд. Гурӯҳҳои коргарӣ дар Амрико эълом кардаанд, ки дар рӯзи маросими таҳлифи Трамп, тазоҳуроте алайҳи раисҷумҳури ҷадиди Амрико баргузор хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Трамп илова бар мувоҷиҳа бо мухолифатҳо дар сатҳи тудаи мардум, ҳаминак бар сари мавзуи ҳассоси робита бо Русия ва мудохилаи эҳтимолии ин кишвар дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри гузашта, ба шиддат бо бархе аз нухбагони сиёсӣ ва иттилоотии Амрико даргир аст. Сарони ҷомеаи иттилоотии Амрико гузоришҳое алайҳи Трамп ва бархе аз аъзои тими вай мунташир кардаанд, ки нишон медиҳад, робитаи ғайримутаорифе бо Русия доштаанд.

Аз маҷмуи ин таҳаввулот метавон пешбинӣ кард, ки Доналд Трамп, раёсатҷумҳурии худро дар миёни эътирозоти гуногун оғоз кунад. Ин вазъият на фақат бар амалкарди давлати отии Амрико соя хоҳанд афканд, балки тардидҳои ҷиддӣ низ дар мавриди салоҳияти раисҷумҳури баъдии ин кишвар бавуҷуд хоҳад овард.