Нақши саудиҳо дар тарбияти террористҳои такфирӣ
Январ 16, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
Пас аз ифшои кумакҳои чандсад миллион долларии Арабистон ба гурӯҳҳои террористӣ, Арабистон ин бор бо тарфанди ҷадиде вориди марҳалаи ҳимоят аз террористҳо шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, саудиҳо бо сохт ва роҳандозии мадорисе ба номи мадориси динӣ қасд доранд, ҷои пое барои тадриси омӯзаҳои тафриқаафканонаи ваҳобӣ дар Афғонистон боз кунанд.
Мадрасаҳои диние, ки саудиҳо дар Покистон доир кардаанд, сабаби гароиши бисёре аз ҷавонон ва навҷавонон дар ин кишвар ба Толибон ва ДИИШ шудааст ва акнун дар Афғонистон низ нигаронӣ аз пайвастани ҷавонон ва навҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар асари омӯзишҳои ин мадорис, шиддат ёфтааст.