Сиёсати дугонаи Амрико; муддаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар ё ҳомии ишғолгари?
-
Сиёсати дугонаи Амрико; муддаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар ё ҳомии ишғолгари?
Порс тудей- Нашрияи англиси "Middle East Eye" дар ёдошти дар бораи мухолифати Вашенгтон бо тарҳи режими саҳюнистӣ барои илҳоқи Каронаи Бохтари навишт: Амрико вонамуд мекунад, ки бо илҳоқ мухолиф аст ва дар воқеъ танҳо онро ба таъвиқ меандозад ва муттаҳидони араб низ вонамуд мекунанд, ки онро бовар доранд.
Дар ёддошти нашрияи англисии "Middle East Eye" ба сиёсати дугонагӣ ва фиребандаи Амрико дар арсаи байналмилалӣ тамаркуз шудааст ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна Иёлоти Муттаҳида бо дастгирии бечунучаро аз режими саҳюнистӣ дар бӯҳрони Фаластин нақши харобиовар мебозад. Ба гузориши Порс тудей, дар мақолае, ки "Middle East Eye" нашр кардааст, қарори раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар бораи ба таъхир андохтани нақшаи ҳамроҳ кардани қисматҳои соҳили ғарбии дарёи Урдун ба режими Исроил на ҳамчун ақибнишинӣ аз сиёсатҳои зиддифаластинӣ, балки ҳамчун тактика барои идоракунии вокунишҳои байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Амрико ва Исроил таҳлил шудааст. Ин ба таъхир андохтан дар асл як навъ фиреби сиёсӣ аст, ки барои коҳиш додани фишори дипломатӣ ва фароҳам овардани муҳити муносибтар барои татбиқи нақша дар оянда равона шудааст.
Дар гузориш афзуда шудааст, ки сиёсати дугонаи Амрико нисбат ба масъалаи Фаластин солҳо боз дар пуштибонии бечунучарои режими саҳюнистӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқи мардуми Фаластин ба таври возеҳ зоҳир мешавад. Дар ҳоле ки Вашингтон худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи башар ва сулҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, дар амал бо расонидани пуштибонии молӣ, низомӣ ва дипломатӣ ба Тел-Авив, идомаи ишғол ва поймол кардани ҳуқуқи башарро дар қаламравҳои ишғолшуда афзоиш медиҳад.
Дар ин замина, муъомилаи қарн, ки маъмурияти Трамп намунаи барҷастаи ин сиёсати фиребанда аст бо нодида гирифтани талаботи қонунии фаластиниён, ин нақша тақвияти ишғоли Исроилро ба таври муассир қонунӣ кард ва ба таъхир андохтани соҳили ғарбиро низ метавон дар ин замина таҳлил кард; як қадами тактикӣ барои пешгирӣ аз инзивои дипломатии режими Исроил ва Амрико бахусус дар арафаи интихобот ва таҳаввулоти минтақавӣ.
Аз сӯи дигар, пуштибонии Амрико аз режими саҳюнистӣ на танҳо дар арсаи сиёсӣ, балки дар ниҳодҳои байналмилалӣ низ возеҳ аст; ветои такрории қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Исроил намунаи ин пуштибонии бечунучаро аст. Ин рафтор эътибори ниҳодҳои байналмилалиро зери суол бурдааст ва нишон додааст, ки қудратҳои Ғарб, бахусус Амрико, аз ин ниҳодҳо барои пешбурди манфиатҳои худ истифода мебаранд.
Ҳамчунин, дар сатҳи расонаи низ Амрико кӯшиш мекунад, ки афкори ҷамъиятиро таҳриф кунад ва тавассути назорати ривоятҳо ва сензура кардани хабарҳои марбут ба ҷиноятҳои Исроил тасвири қонунии режими саҳюнистиро пешниҳод кунад. Ин сиёсати расонаӣ қисми ҳамон макри сохторӣ аст, ки ба ҳадафҳои геополитикии Вашингтон хизмат мекунад.
Дар чунин шароит маълум аст, ки ба таъхир андохтани нақшаи аннексия нишонаи тағйир дар сиёсати Амрико нест, балки қисми як бозии мураккаби дипломатӣ мебошад, ки ба нигоҳ доштани бартарии режими Исроил ва идомаи ишғол дар формате, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабултар аст, нигаронида шудааст. Ин рафтор намунаи сиёсати дугона ва фиребандаест, ки Амрико дар сатҳи байналмилалӣ пеш мебарад; сиёсате, ки на танҳо ба ҳалли бӯҳрони Фаластин мусоидат намекунад, балки онро мураккабтар ва дардноктар мекунад.