Январ 21, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Трамп дар Кохи Сафед, мардуми Амрико: “Ӯ раисҷумҳури мо нест”

Ҳамзамон бо маросими таҳлифи раисҷумҳури ҷадиди Амрико, хиёбонҳои шаҳри Вашингтон саҳнаи тазоҳуроти зидди Доналд Трамп буд ва дар ин тазоҳурот беш аз 100 нафар боздошт шуданд.

Полиси Вашингтон рӯзи ҷумъа пас аз эътирозҳои хушунатомези зидди Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико, дар баёнияе эълом кард, барои маҳор кардани муътаризон аз спрейи мурч ва дигар абзорҳои контролӣ истифода шуд .

Шабакаи хабарии CNN-и Амрико гузориш дод, полиси зидди шӯриши Вашингтон дастикам 120 муътаризро ҳамзамон бо баргузории маросими савганди Доналд Трамп боздошт кардааст. Ин шабакаи хабарӣ тасовире аз даргирии полис ва муътаризон ва саҳнаҳое аз шиллики гази ашковар ва гулулаи пластикӣ, ки барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагон мавриди истифода қарор гирифт, пахш кард.

Муътаризон пештар ваъда дода буданд, ки рӯзи маросими таҳлифи Доналд Трамп, Вашингтонро фалаҷ кунанд. Дар ҷарёни даргириҳои рӯзи ҷумъа дар Вашингтон, шишаи шуморе аз мағозаҳо шикаста шуд, чанд дастгоҳ мошин осеб дид ва сатлҳои забола ба оташ кашида шуд .

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот, ки дастнавиштаҳое зидди Трамп ба даст доштанд, шиор доданд: "Ӯ раисҷумҳури мо нест". Муътаризон ҳамчунин шиорҳое зидди рӯйкардҳои нажодпарастонаи Трамп сар доданд ва ӯро фашист хонданд.

Дар ҳамин ҳол, дар миёни хашми мардуми Амрико ва хушунат дар Вашингтон, Доналд Трамп расман рӯзи ҷумъа раисҷумҳури Амрико шуд, то чаҳор сол суккондори Кохи Сафед бошад .

Доналд Трамп, маросими савганд дар Конгрессро муқобили Ҷон Робертс, қозии аршади Амрико баргузор кард. Пас аз маросими таҳлиф, Трамп лаб ба сухан гушуд ва дар ҷумалоти ибтидои худ, аз фазои табъизомез дар ин кишвар интиқод кард .

Доналд Трамп тасреҳ кард, сиёсатмадорон ба зиндагии пурравнақ расидаанд, аммо фурсатҳои шуғлӣ аз байн рафта ва корхонаҳо таътил шудааст. Ба гуфтаи раисҷумҳури ҷадиди Амрико, низоми ҳоким аз худаш муҳофизат кардааст ва на инки аз шаҳрвандонаш муҳофизат кунад .

Раисҷумҳури ҷадиди Амрико, ки бо шиори муътаризон мабнӣ бар инки "Трамп раисҷумҳури мо нест", суккондории Кохи Сафедро бар уҳда гирифтааст, хитоб ба амрикоиҳо гуфт: “Дигар нодида гирифта нахоҳед шуд ва дубора амниятро дар Амрико барқарор ме‌кунем”.

Трамп дар бахши дигаре аз нахустин суханронии худ пас аз маросими таҳлиф ба мавзуи мубориза бо терроризм низ ишора кард ва ваъда дод, ҷаҳонро зидди терроризм муттаҳид хоҳад кард, то ба таври комил аз рӯи замин пок шавад.

Трамп дар ҳоле мубориза бо терроризми дииширо дар авлавияти худ қарор додааст, ки ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи пешини Амрико, ин кишвар барои тағйири Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия иҷоза дод, ДИИШ эҷод шавад ва ба он дар чорчуби ҳадафи таъиншуда, кумаки низомӣ кардааст .

 

Барчасп