Август 03, 2016 19:56 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоӣ шудани тарҳи панҷсолаи сулҳи Афғонистон

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз ниҳоӣ шудани тарҳи панҷсолаи сулҳи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои паштуи бурунмарзии Эрон, Абдулхабир Учқун, муовини Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гуфт, тарҳи роҳбурдии панҷсола дар бораи сулҳ ниҳоӣ шудааст ва бар асоси он дар моҳи ояндаи мелодӣ нахустин конфронси даъват аз гурӯҳи Толибони Афғонистон баргузор хоҳад шуд.

Учқун торихи мушаххасе барои ин иҷлос эълом накард.

Вай таъкид кард, аз тамоми аъзои гурӯҳи Толибони Афғонистон барои ширкат дар ин иҷлос даъват хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Учқун, назарот ва пешниҳодҳои мардум, аҳзоб ва ниҳодҳои мадании Афғонистон барои баргузории ин иҷлос низ гирифта шудааст.