Сарнагунии чархболи низомии Амрико дар гулӯгоҳи Ҳурмуз
Июн 09, 2026 11:42 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳури Амрико сарнагунии чархболи низомии ин кишварро дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз таъйид кард.
Мувофики хабари созмони Садо ва Симои Эрон, Доналд Трамп бидуни ёдоварӣ аз иллати суқути ҳавопаймо гуфт: Ду халабони ин чархбол дар амн ҳастанд. Як соат пеш рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" аз суқути чархболи низомии "Апачи"-и амрикоӣ шаби душанбе дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар дод.
Ин рӯзномаи амрикоӣ навишт: Ҳанӯз маълум нест, ки ин чархбол бар асари оташи (дифоӣ) Эрон сарнагун шудааст ё ба иллати фаннӣ дучори сарнагунӣ шудааст.
Барчасп