Нашрияи амрикоӣ: Дунё таҳдидҳои иқтисодии Амрико зидди Эронро ҷидди нагирифта аст
-
Скотт Безант, вазири хазинадории Амрико
Порс Тудей- маҷалаи амрикоӣ "Fortune American" дар мақолаи бо ишора ба бархе шавоҳид эълом кард, ки дунё таҳдидҳои иқтисодии Амрико зидди Эронро ҷидди нагирифта аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, нашрияи "Fortune American" изҳороти Скотт Безант, вазири хазинадории Амрико барои юриши иқтисоди ба Эронро талоши ҷидди барои поён додан ба ҷанги низомӣ тавсиф кард ва навишт: То кунун кишварҳое ки бо Теҳрон равобити иқтисодӣ доранд амалан ин таҳдидро ндида ва таҳлилгарон низ иқдомоти Амрикоро бисёр камасар аз ончи ваъда дода шуда буд арзёби карданд.
Нашрия афзуд: Чин, ки 90 фоизи нафти Эронро мехарад, ба ҷои он ки аз Вашингтон даст кашад, ба Иёлоти Муттаҳида ҳушдори қатъӣ ва сахт дод. Филиалҳои бонкҳои Эрон дар Дубай низ кушода боқӣ монданд. Парвозҳои тиҷоратӣ байни Эрон ва Туркия ва байни Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ идома ёфтанд; парвозҳо ба Таиланд ва Озарбойҷон, инчунин якчанд самтҳо дар Русия ва Чин беягон қатъият идома ёфтанд.
Ин нашрия афзуд: Дар охири ҳафта, Амрико нияти худро барои таҳрим кардани филиалҳои бонки Миср "Бонки Миср" дар Аморати Муттаҳидаи Араб эълон кард, аммо ин иқдом аз интизориҳое, ки пас аз ҳушдори Баснет ба миён омада буданд, хеле дур буд у гуфта буд, ки ҷаҳон то охири ҳафта шоҳиди эълони таҳримҳо ба як муассисаи бузурги молиявӣ хоҳад шуд.