Феврал 11, 2017 15:38 Asia/Dushanbe

Раиси созмони ҷосусии Амрико дар дидор бо Муҳаммад бин Нойф бин Абдулазиз Оли Сауд дар Риёз, медали ифтихории СИЁ (СРУ)-ро ба ӯ ҳадя кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Майк Помпео дар дидор бо Муҳаммад бин Нойф бин Абдулазиз Оли Сауд дар Риёз, медали ифтихории ҷосусии мавсум ба нишони “Ҷорҷ Тенет”-ро ба ӯ эъто кард.

Пампео медали созмони СИЁ-ро ба хотири фаъолиятҳои барҷастаи иттилоотии Муҳаммад бин Нойф дар заминаи он чӣ ки ӯ мубориза бо терроризм ва таъмини амният ва сулҳи ҷаҳонӣ номид, эъто кард.