Афзоиши нерӯҳои полиси зиддишӯриш дар Cин-Кёнги Чин
(last modified Fri, 17 Feb 2017 13:40:03 GMT )
Феврал 17, 2017 18:40 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нерӯҳои полиси зиддишӯриш дар Cин-Кёнги Чин

Давлати Чин теъдоди нерӯҳои полис ва зиддишӯришро дар вилояти Син-Кёнги Чин, дар шимоли ғарби ин кишвар афзоиш дод.

Ба гузориши ИРНА, нерӯҳои полиси зиддишӯриш ва мусаллаҳи Чин дастикам дар ҳар 10 то 20 метр аз ин минтақа бо либосҳои зиреҳии зиддигулӯла дида мешаванд.

Нерӯҳои полиси зиддишӯриши Чин дар Син-Кёнг пас аз он афзоиш ёфт, ки ба гуфтаи мақомот шуморе аз ҷудоиталабони ифротии уйғур дар ноҳияи Пешон бо корд ба афроди маҳаллӣ ҳамла карданд ва ҳашт нафарро куштанд.

 Син-Кёнг аз соли 2008 бо ҳамалоти ҷудоиталабони ифротии уйғур рӯбарӯ будааст.

Моҳи декабри соли гузаштаи 2016 низ ҷудоиталабон бо як худрави бомбгузоришуда ба сохтмони давлатӣ ҳамла карданд, ки бар асари он панҷ нафар кушта шуданд.

Фаъолиятҳое чанд соли ахири аъзои ин гурӯҳ то кунун беш аз 400 кушта дар ин минтақа бар ҷой гузоштааст.