Интиқоди Поп аз таблиғоти манфӣ алайҳи Ислом
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13588-Интиқоди_Поп_аз_таблиғоти_манфӣ_алайҳи_Ислом
Раҳбари католикҳои ҷаҳон аз таблиғоти манфӣ, алайҳи ислом ва дигар мазоҳиб интиқод кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 18, 2017 20:47 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Поп аз таблиғоти манфӣ алайҳи Ислом

Раҳбари католикҳои ҷаҳон аз таблиғоти манфӣ, алайҳи ислом ва дигар мазоҳиб интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Поп Франсис-раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи шанбе дар Иҷлоси ҷаҳонии марбут ба ҷунбишҳои мардумӣ, қотеъона мавҷудияти падидае ба номи “терроризми исломӣ”-ро рад ва аз ҳамаи мазоҳиби ҷаҳон дифоъ кард.

Поп Франсис гуфт, мазоҳиб сулҳро тарвиҷ мекунанд ва хатари ифротгароӣ дар ҳамаи боварҳои мазҳабӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Поп, терроризми масеҳӣ вуҷуд надорад ҳамонтавр, ки терроризми яҳудӣ ва терроризми исломӣ вуҷуд надорад.

Вай ҳамчунин гуфт, афроди хушунатталаб ва ифротӣ омили нафрат ва бегонаситезӣ ҳастанд.

Поп Франсис ҳамчунин сиёсати Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрикоро дар инкори буҳронҳои обу ҳавоӣ аз ҷумла гарм шудани замин, маҳкум кард ва ҳушдор дод, буҳрони обу ҳавоӣ воқеият дорад.