Март 03, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Дархост барои қарор додани номи Исроил ва Арабистон дар

Созмони ҷаҳонии Watchlist, вижаи расидагӣ ба авзои кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона, аз дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – Антониу Гуттериш хост, эътилофи Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистиро дар “феҳристи нанг” қарор диҳад.

Ба гузориши Пресс ТВ, ин созмон дар гузориши соли 2017-и худ аз СММ хостааст, бо қарор додани номи Исроил ва эътилофи Саудии мутаҷовиз ба Яман дар "феҳристи нанг", эътиборро ба гузоришҳои худ баргардонанд.

Watchlist дар гузориши худ ёдоварӣ кардааст, ки дабири кулли пешини СММ соли гузашта дар баробари таҳдиди Риёз ба қатъи кӯмакҳои молӣ ба ин созмон, номи Арабистонро аз гузоришҳои марбут ба ҷиноят алайҳи кӯдакон дар Яман ҳазф кард.

 Созмони Watchlist дар тозатарин гузориши худ ҳамчунин овардааст: “Нерӯҳои Исроил дар се соли ахир муртакиби силсилаи ҷиноятҳое шуданд, ки даҳшатноктарини он дар тӯли моҳи июли соли 2014 дар ҳамалот ба Ғазза рух дод ва СММ куштори ҳадди ақал 540 кӯдаки фаластиниро дар ин ҳамалот сабт кард.

 

Барчасп