Афғонистон аз Покистон ба СММ шикоят кард
-
Афғонистон аз Покистон ба СММ шикоят кард
Давлати Афғонистон ба далели идома ёфтани ҳамалоти мушакӣ ба ин кишвар аз хоки Покистон, ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, давлати Афғонистон дар матни шикоятномаи худ овардааст, аз 60 рӯзи гузашта токунун беш аз ҳазору 200 мушак аз Покистон ба хоки Афғонистон шиллик шудааст.
Ашраф Ғанӣ- раисиҷумҳури Афғонистон дар ин шикоятнома таъкид карда, ки ин ҳамалоти Покистон хатар ва таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти минтақа ва ҷаҳон аст.
Пеш аз ин ҳам дар пайи ҳамалоти ракетии Покистон ба устонҳои шарқии Афғонистон, вазорати хориҷаи ин кишвар сафири Покистон дар Кобулро эҳзор карда буд.
Эҳзори мақомоти сафорати Афғонистон дар Исломобод аз сӯи артиши Покистон, ки иқдоме хилофи урфи дипломатӣ аст низ дар рӯзҳои ахир, хашми мақомоти Афғонистонро барангехтааст.