Радди ҳимояти Русия аз Толибон
Мақоми Вазорати дифои Русия иддаои мақоми аршади Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО)-ро мабнӣ бар ҳимояти Маскав аз ҷунбиши Толибони Афғонистон рад кард.
Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Атласи Афғонистон, генерал Игор Конашенков, сухангуи Вазорати дифои Русия таи изҳороте иддаои Куртис Скапаротти, фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Аврупо, ки Русияро ба ҳимоят аз Толибон муттаҳам карда, беасос донистааст .
Сухангуи Вазорати дифои Русия тасреҳ кард, ин иддао дар Сенати Амрико барои тахсиси буҷети бештар ба фармондеҳии нерӯҳои Амрико ва Нато дар Аврупо матраҳ шудааст .
Игор Конашенков бо бесубот тавсиф кардани Куртис Скапаротти афзуд, вай гоҳе аз надоштани иртибот бо Вазорати дифои Русия гилоя мекунад ва ба тозагӣ ҳам изъон карда, ки Вашингтон дар қатъи равобити низомӣ бо Маскав пешгом будааст .
Ин мақоми русӣ хотирнишон кард, пеш аз ин ҳам генерал Филип Бридлав, фармондеҳи пешини НАТО, Русияро дар масъалаи Афғонистон муттаҳам кард, аммо ҳечгуна шавоҳиде барои иддаои зидди русии худ матраҳ накард .