Покистон дар марз бо Афғонистон деворкашӣ мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14994-Покистон_дар_марз_бо_Афғонистон_деворкашӣ_мекунад
Фармондеҳи артиши Покистон рӯзи гузашта зимни боздид аз манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон эълом кард, ки амалиёти сохти девор дар марзҳои миёни ду кишвари ҳамсоя оғоз шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 26, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
  • Покистон дар марз бо Афғонистон деворкашӣ мекунад

Фармондеҳи артиши Покистон рӯзи гузашта зимни боздид аз манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон эълом кард, ки амалиёти сохти девор дар марзҳои миёни ду кишвари ҳамсоя оғоз шудааст.

Ба гузориши ИРНА, генерал Қамар Ҷовид Боҷуо эълом кард, ки аввлавияти деворкашӣ бо он бахш аз манотиқи марзӣ аст, ки беш аз соири манотиқи миёни ду кишвар, барои Покистон хатарсоз аст ва дар маърази нуфузи террористҳо қарор дорад.

Илова бар деворкашӣ, бархе адавот ва таҷҳизоти назоратӣ низ дар бархе манотиқи марзӣ, миёни Покистон ва Афғонистон бо ҳадафи контроли дақиқтари марзҳо мустақар мешавад.

Покистон ҳудуди ду ҳазору 400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад, ки бештари онро манотиқи кӯҳистонӣ ташкил медиҳад.

Покистон пас аз ҳамалоти террористии маргбор, ки беш аз як моҳ пеш дар чанд минтақаи ин кишвар ба таври пай дарпай рух дод, гузаргоҳҳои марзии “Турхам” ва “Чаман”-ро ба муддати ҳудуди як моҳ ба рӯйи афғонҳо баст.

Ин ду гузаргоҳ чанд рӯзи пеш бо дастури Навоз Шариф-нахуствазири Покистон бозгушоӣ шуд.