Март 28, 2017 21:40 Asia/Dushanbe

Раисиҷумҳури Русия гуфт, Эрон ҳамсояи хуб ва шарики босубот ва мутмаине барои Русия аст.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия асри имрӯз дар дидори Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эрониаш дар кохи Кремл, афзуд, Эрон ва Русия солҳои тӯлонӣ аст, ки бо якдигар робита доранд ва аз муносиботи дипломатӣ бо пешинаи беш аз 500 сол бархӯрдоранд.

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, Маскав ва Теҳрон дар тамоми музокирот ва ҳамаи заминаҳо бо якдигар ҳамкорӣ доранд, ки шомили арсаи иқтисодӣ ва ҳалли масоили бисёр душвор дар умури байналмилалӣ аст.

Путин ҳамчунин бо таъкид бар ин ки дар солҳои ахир, дар тамоми ин арсаҳо ба натоиҷи чашмгире даст ёфтаем, ба афзоиши 70 дарсадии мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2016, ишора кард.

Путин гуфт, ин дастовард дар ҳоле ҳосил шуда, ки шароити иқтисодии печидаи кунунӣ, бесобиқа аст ва пешрафти эҷод шуда, то ҳадди зиёде бо талошҳои раисиҷумҳури Эрон ва давлати Русия ба даст омадааст.

Рӯҳонӣ низ дар ин дидор таъкид кард, ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав алайҳи ҳеч кишвари дигаре ҳадафгирӣ нашудааст.

Рӯҳонӣ афзуд, равобити Эрон ва Русия бо ҳадафи тақвияти суботи минтақа анҷом мегирад ва қасди аслии ду кишвар, тақвияти сулҳ ва оромиши минтақаӣ аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дирӯз ба даъвати расмии ҳамтои русиаш ба Маскав сафар кардааст.

 

Барчасп