Баста шудани истгоҳи метрои Санкт-Петербург дар пай ҳушдорҳои амниятӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15356-Баста_шудани_истгоҳи_метрои_Санкт_Петербург_дар_пай_ҳушдорҳои_амниятӣ
Як истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар пайи ҳушдорҳои амниятӣ баста шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 05, 2017 09:29 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани истгоҳи метрои Санкт-Петербург дар пай ҳушдорҳои амниятӣ

Як истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар пайи ҳушдорҳои амниятӣ баста шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, манобеи огоҳи Русия рӯзи сешанбе эълом карданд, истгоҳи метрои «Синная Плошад»-и шаҳри Санкт-Петербург дар пайи тамоси телефонии фарди ношинос бинобар бомбагузорӣ баста шуд.

Бар асоси ин гузориш, чанд мошини оташнишонӣ дар пайи ҳушдор бинобар бомбагузорӣ дар баробари истгоҳи метрои «Синная Плошад» мустақар шуданд.

Рӯзи душанбе вуқӯи ду таркиш дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ҳадди ақал 14 кушта ва ҳудуди панҷоҳ захмӣ бар ҷой гузошт.

Маъмурони амниятии шаҳри Санкт-Петербург, бо масдуд кардани минтақа ба рӯйи пиёдагардон ва тахлияи афрод аз манотиқи таҳти ҳифозат, дар ҳоли анҷоми таҳқиқот ҳастанд.