Сафари Трамп ба Арабистон барои холӣ кардани ҷайби саудиҳо
Май 06, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
Арабистони Саудӣ мақсади нахустини сафари хориҷии Трамп аз замон ба қудрат расиднаш дар Амрико хоҳад буд ва ин нишон медиҳад, ӯ қасд дорад равобити Вашингтонро бо яке аз муттаҳидони минтақаии аслиаш тақвият кунад.
Трамп пеш аз расидан ба раёсатҷумҳурӣ гуфта буд, Амрико бояд шири Арабистони Саудии фарбеҳро бидушуд, то замоне, ки шайхҳои сарватманд, бемасраф шаванд ва он вақт Ховари Миёнаро раҳо кунад.