Май 10, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Савганди раиси ҷумҳурии ҷадиди Кореяи ҷанубӣ

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Кореяи ҷанубӣ савганд ёд кард.

Ба гузориши “Рейтерз”, Мун Ҷе Ин, раиси ҷумҳурии ҷадиди Кореяи ҷанубӣ рӯзи чаҳоршанбе, як рӯз пас аз пирӯзӣ дар интихоботи зудҳангом, дар маросиме сода дар порлумони ин кишвар савганди раёсати ҷумҳурӣ ёд кард.

Вай пас аз маросими савгандёдкунии худ эълом кард, дар бораи барномаи мушакиву ҳастаии Кореяи шимолӣ омодаи гуфтугӯ бо Ким Чунг Ун, раҳбари Кореяи шимолӣ аст.

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Кореяи ҷанубӣ ҳамчунин эълом кард, дар бораи масъалаи истиқрори сомонаи мушакии “ТОД” дар хоки Кореяи ҷанубӣ низ омода аст то бо Чину Амрико вориди музокира шавад.

Мун Ҷе Ин пештар дар рақобатҳои интихоботии худ гуфта буд, агар пирӯзи ин интихобот бошад, мутааҳҳид хоҳад шуд равобит бо Кореяи шимолиро беҳбуд бахшад ва дар мавриди истиқрори сомонаи дифои мушакии “ТОД”-и Амрико дар хоки Кореяи ҷанубӣ таҷдиди назар кунад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ бо барканории давлати Порк Гун Ҳой, ба далели расвоии моливу сиёсӣ, ба ҳукми қонуни асосии ин кишвар ба сурати зудҳангом баргузор шуд.

 

Барчасп