Мудири барканоршудаи FBI дар бора иртиботи Трамп бо Русия тавзеҳ медиҳад
(last modified 2017-06-01T07:29:52+00:00 )
Июн 01, 2017 12:29 Asia/Dushanbe
  • Мудири барканоршудаи FBI дар бора иртиботи Трамп бо Русия тавзеҳ медиҳад

Мудири барканоршудаи полиси федерали Амрико (FBI) қарор аст дар бораи иртиботи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо Русия ба сенаторҳои амрикоӣ тавзеҳ диҳад.

Ба гузориши чаҳоршанбешаби шабакаи телевизионии амрикоии CNN, Ҷеймс Коми, мудири барканоршудаи FBI қасд дорад то чанд рӯзи оянда дар кумитаи қазоии Сано дар бораи бархе иртиботҳои Доналд Трамп бо Русия шаҳодат диҳад.

Ҷеймс Коми ва Роберт Мулер, масъули парвандаи расидагӣ ба дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар бораи маҳдудиятҳое, ки дар заминаи ифшои иттилооти табақабандишуда вуҷуд дорад, табодули назар карданд.

Расвоии марбут ба эҳтимоли нуфузи Русия дар ситоди интихоботии Трамп, аз замоне ки ӯ Ҷеймс Коми, мудири FBI -ро ихроҷ кард, беш аз пеш боло гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол бозрасони FBI муътақиданд, Ҷерд Кушнер, домоди Доналд Трамп ҳам иттилооти қобили таваҷҷуҳе дар иртибот бо мавзӯи мудохилаи Русия дар ситоди интихоботии Трамп дорад.

Пеш аз ин Майкл Филлин, мушовири вақти амнияти миллии Амрико чанд моҳи пеш дар пайи ифшои фиреб додани мақомоти давлатӣ дар бораи иртиботаш бо Русия аз симмати худ барканор шуд.

 

Барчасп