Июл 04, 2017 12:33 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии ҳамалоти мушакии артиши Покистон ба Афғонистон

Ҳамалоти мушакии артиши Покистон ба шарқи Афғонистон бори дигар аз сар гирифта шудааст.

Ба иттилои Тасним, Муҳаммад Ғании Мусаммам, сухангуи устондори Кунар дар шарқи Афғонистон эълом кард: Артиши Покистон аз рӯзи гузашта, ҳамалоти мушакии худ ба шаҳристони Сирканай дар ин устонро аз сар гирифтааст .

Муҳаммадраҳмони Дониш, фармондори шаҳристони Дангам низ муддаӣ шуд, аз рӯзи гузашта токунун ҳудуди 300 фарванд мушак ба шаҳристони Сирканай шиллик шудааст.

Токунун аз талафот ва ё хисороти эҳтимолии ин ҳамалот гузорише мунташир нашудааст .

Давлати Исломобод муддаӣ аст, ки террористҳо аз хоки Афғонистон вориди Покистон мешаванд ва дар ин кишвар амалиёт анҷом медиҳад. Кобул борҳо ин иддаои Исломободро рад кардааст .

 

 

Барчасп