Ихроҷи 30 дипломати амрикоӣ аз Русия
Русия дар посух ба ихроҷи 35 дипломати рус аз Амрико дар моҳи декабри соли 2016 30 дипломати ин кишварро аз Русия ихроҷ мекунад.
Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи русии “Изветия”, як мақоми Вазорати умури хориҷии Русия, ки нахост номаш фош шавад, аз Ҳукумати Амрико бо сабаби ҳаллу фасл накардани ихтилофоти дипломатӣ бо Русия интиқод карда гуфт, Маскав дар посух ба иқдомоти Амрико дар авохири соли гузашта 30 дипломати амрикоиро ихроҷ мекунад. Ин иқдом фақат се рӯз пас аз баргузории нахустин дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои Русия ва Амрико дар Ҳамбурги Олмон эълом шуд. Ҳол он ки интизор мерафт, дидори Трамп ва Путин қадаме ба пеш барои бозсозии равобити тахрибшудаи ду кишвар бошад.
Моҳи декабри соли 2016 давлати Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико дар вокуниш ба иддаои мудохилаи Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии он кишвар дар иқдоми ногаҳоние дипломатҳои Русияро ихроҷ ва ду бинои дипломатии ин кишварро дар Вашингтону Ню-Йорк баст.