Арабистон бадтарин ҳампаймони Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i20408-Арабистон_бадтарин_ҳампаймони_Амрико
Як таҳлилгари амрикоӣ, режими Арабистонро бадтарин ҳампаймони Амрико донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 22, 2017 13:44 Asia/Dushanbe
  • Арабистон бадтарин ҳампаймони Амрико

Як таҳлилгари амрикоӣ, режими Арабистонро бадтарин ҳампаймони Амрико донист.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Майкл Брендан нависанда ва таҳлилгари амрикоии маҷаллаи “National Review” навишт, Риёз ҳамвора бадтарин ҳампаймони Кохи Сафед будааст ва робита бо Арабистон мӯҷиби шармсории Амрико аст.

Вай дар идома навишт, Амрико ҳамвора дар хусуси мавориди густурдаи нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ сукут кардааст.

Ба навиштаи ин нависандаи амрикоӣ, режими Оли Сауд, ҳамвора аз ҳомиёни аслии гурӯҳҳои террористӣ будааст.

Майкл Брендан таъкид кард, ҳимояти Арабистон аз террористҳо бисёр хиҷолатовар ва бешармона аст ва кишварҳои ғарбӣ, ҳатто иҷозаи онро ба худ намедиҳанд, то дар бораи он шаффофсозӣ кунанд.

Амрико, ҳамвора аз ҳомиёни аслии режими Саудӣ будааст.

Доналд Трамп- раисиҷумҳури Амрико, дар сафари ахири худ ба Риёз қарордоде ба арзиши 11миллиард доллар барои фурӯши силоҳ ба Арабистон бо мақомоти саудӣ имзо кард.