Июл 26, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими Эрон ва Русия - ҷомеътарин таҳримҳои таърихи Амрико

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико сешанбешаб, пас аз тасвиби тарҳи ҷомеи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Кореяи шимолӣ дар ин маҷлис, дар баёнияе гуфт, ин қонун яке аз ҷомеътарин бастаҳои таҳримӣ дар таърихи Амрикост.

Пол Райан, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико муддаӣ шуд, ин бастаи таҳримӣ бо ҳадафи ҳифзи амнияти амрикоиҳо арсаро бар хатарноктарин душманони Вашингтон танг хоҳад кард.

Маҷлиси намояндагони Амрико сешанбешаб дар идомаи рӯйкарди душманонаи Вашингтон дар баробари Теҳрон ва Маскав, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русияро бо 419 раъйи мувофиқ ва фақат се раъйи мухолиф тасвиб кард.

 Ин тарҳ нусхаи ислоҳшудаи тарҳест, ки пеш аз ин бо ҳадафи таҳрими Эрон ва Русия дар Маҷлиси Сенати Амрико тасвиб шуда буд.

Маҷлиси сенати Амрико 15-уми июни соли 2017 тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ва Эронро тасвиб кард, аммо дар пайи пешниҳоди тарҳе аз сӯйи ҷумҳурихоҳон дар бораи афзудани Кореяи шимолӣ ба бастаи таҳримҳои Эрон ва Русия, раъйгирии ин лоиҳа дар Маҷлис намояндагони Амрико ба таъхир афтод.

 Қонуни Маҷлиси намояндагони Амрико бояд дар сенат низ ба тасвиб бирасад ва пас аз он ин мусавваба танҳо мунтазири имзои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикост то ба қонун табдил ва мавриди амал қарор гирад.

 

Барчасп