Тасвиби лоиҳаи таҳримҳои Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ аз тарафи Сенат
(last modified Fri, 28 Jul 2017 11:59:57 GMT )
Июл 28, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби лоиҳаи таҳримҳои Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ аз тарафи Сенат

Сенати Амрико дар идомаи рӯйкарди хасмонаи худ ба лоиҳаи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ, ки пеш аз ин дар Конгресс тасвиб шуда буд, раъйи мусбат дод.

Ба гузориши ИРНА, тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ бо 98 раъйи мувофиқ дар баробари ду раъй мухолиф дар Сенати Амрико ба тасвиб расид.  Конгресси Амрико ҳам шаби сешанбе, 25 июл тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эрон, Русия ва Кореяи Шимолиро бо 419 раъйи мувофиқ тасвиб карда буд.

Лоиҳаи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон, Русия ва Кореяи Шимолӣ дар ҳоле дар Сенати Амрико тасвиб шудааст, ки Энтони Скарамукси, мудири иртибототи Кохи Сафед ба шабакаи CNN гуфта буд: “Доналд Трамп мумкин аст, ин лоиҳаро ҳамон тавре ки ҳаст, имзо ё вето кунад”. Дар сурате ки раисҷумҳури Амрико аз имзои тарҳ худдорӣ ва онро вето кунад, таҳиякунандагони ин тарҳ бо касби ҳимояти аз се ду ҳиссаи аъзои Сенат ва Конгресс метавонанд ветои ӯро ботил ва тарҳро ба таври мустақим табдил ба қонун кунанд.  Ин лоиҳа ҷаримаҳои молӣ алайҳи Русия эъмол мекунад ва ҳамчунин таҳримҳоеро алайҳи барномаи мушакии Эрон ва саноати киштиронии Кореяи Шимолӣ вазъ кардааст. Ин лоиҳа бо вокуниши шадиди муттаҳидони Амрико низ мувоҷеҳ шудааст.