Июл 30, 2017 12:44 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Афғонистон барои ҳамкорӣ бо нахуствазири ҷадиди Покистон

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон аз омодагимии Кобул барои ҳамкорӣ бо нахуствазири ҷадиди Покистон хабар дод.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Тасним, Шакиб Мустағнӣ рӯзи шанбе эълом кард, таҳаввулоти ахири Покистон масъалаи дохилии ин кишвар аст ва давлати Кобул барои идомаи ҳамкорӣ ва барқарории равобити дӯстона бо ҳукумати ҷадиди Покистон омодагӣ дорад.

  Мустағнӣ афзуд, ҳар фарде, ки ба унвони нахуствазири ҷадиди Покистон интихоб шавад, ҳукумати Афғонистон интизор дорад, то зимни мубориза бо терроризм дар таъмини амнияти минтақа низ ҳамкорӣ кунад.

  Дар ҷаласаи дирӯзи Ҳизби ҳокими Муслим Лиги шохаи Навоз, Шоҳид Хоқон Аббосӣ, вазири нафт ва манобеи табии кобинаи Навоз Шариф ба унвони нахуствазири муваққати Покистон интихоб шуд.

 Дар ин ҷаласа ҳамчунин тасмим гирифта шуд, Шаҳбоз Шариф бародари кӯчактари Навоз Шариф ба унвони номзади аслии ҳизби ҳоким барои нахуствазирӣ муаррифӣ шавад.

 Додгоҳи олии Покистон рӯзи ҷумъа нахуствазири ин кишварро дар моҷарои фасоди молии асноди Панама, муҷрим шинохт ва салби салоҳият кард, ки ба думболи он, Навоз Шариф истеъфо дод ва кобинааш мунҳал шуд.

 

Барчасп