Русия шаш нови ҳавопаймобар месозад
Ҳамзамон бо афзоиши танишҳои сиёсӣ-низомии байни Русия бо Амрико ва паймони Атлантики шимолӣ (НАТО), Маскав аз барномаи сохти шаш нови ҳавопаймобар хабар дод.
Франс Клинтсевич, муовини Комиссияи дифоӣ ва амниятии Шӯрои федератсияи Русия гуфт: Ин кишвар ба зудӣ новгони ҳавопаймобари худро тақвият хоҳад кард .
Владимир Королев, фармондеҳи нерӯи дарёии Русия низ ба тозагӣ аз барномаи густариши новгони ҳавопаймобари ин кишвар барои маъмуриятҳои дарёӣ дар манотиқи мухталифи дур аз ин кишвар хабар дод .
Русия ҳамакнун фақат як нови ҳавопаймобар ба номи Адмирал Кузнетсов дорад, ки аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба ирс расидааст ва дар ҳоли таъмиру навсозии ҷангафзорӣ қарор дорад дар ҳоле, ки шумори новҳои ҳавопаймобари фаъоли Амрико бар пояи гузоришҳо 12 фарванд аст .
Мушовири собиқи Кохи Кремлин ҳам гуфт: Равобити Русияву Амрико аз марзи ғайри қобили гузашт убур кардааст.
Глеб Павловский афзуд: Мо аз марзи ғайри қобили бозгашт убур кардаем ва дигар наметавонем ба даврони қабл аз соли 2014 баргардем. Имрӯз режими таҳримҳо ҷойгузине барои назми ҷаҳонӣ шудааст .
Павловский гуфт: Таҳримҳои Амрико муҷиби вокуниши мардумии хосе дар Русия шудааст, ки метавон онро вокунише зидди амрикоӣ ва ҳимоят аз Путин донист .