Август 02, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти ҷолиби Боингҳое, ки на Русия харид ва на Эрон

Ду ҳавопаймои Боинги 8-747, ки ширкати созандааш натавониста буд, онҳоро ба Русияву Эрон бифӯрушад, сарнавишти ҷолибе пайдо хоҳанд кард.

Шабакаи CNN ба нақл аз манобеи огоҳ хабар дод, ҳавопаймоҳое, ки Русияву Эрон аз ширкати Боинг нахариданд, эҳтимолан ҳавопаймои расмии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хоҳанд шуд .

Ин ҳавопаймоҳо дар соли 2015 сохта шудааст .

Як мақоми расмии амрикоӣ ба CNN гуфт, нерӯи ҳавоии Амрико ба иллати нигаронӣ дар мавриди ҳазинаҳо, сохти ҳавопаймоии ҷадиди махсуси раисҷумҳури Амрикоро канор гузошта ва дар иваз дар ҳоли баррасии бозтарроҳии як ҷуфт Ҷамбоҷет Боинги 8-747 аст, ки ибтидо барои як эйрлайни русӣ сохта шуда буд, аммо ин ширкат дар соли 2015 варшикаст шуд ва ҳечгоҳ ҳавопаймоҳоро дарёфт накард .

Як фарди ошно ба қарордоди Боинг бо Эрон низ дар ин робита ба CNN гуфт, ширкати Боинг ҳамчунин талош карда буд, то ин ду Ҷамбоҷетро ба унвони бахше аз қарордод бо Эронэйр ба ин ширкат бифурӯшад, аммо Эронэйр ҳам аз хариди ҳавопаймоҳои паҳнпайкари Боинг 8-747 мунсариф шуд .

Ин ҳавопаймоҳо ҳамакнун дар як маҳалли нигаҳдории ҳавопаймоҳо дар Калифорния нигаҳдорӣ мешаванд ва ҷузъи дороиҳои Боинг ба шумор мераванд .