Август 02, 2017 21:28 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Ҳикматёр аз Толибон ва эътилофи наҷоти Афғонистон

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон пайвастани Толибон ба раванди сулҳро хостор шуд ва аз эътилофи мухолифони давлат низ интиқод кард.

Гулбиддин Ҳикматёр дар ҷамъи ҳаводоронаш дар Кобул, хостори пайвастани Толибон ба раванди сулҳ шуд ва ҷанги ин гурӯҳ алайҳи нерӯҳои афғонро номашруъ ва ба зиёни сулҳу субот дар Афғонистон донист .

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон гуфт: “Касе, ки роҳи ҷангро дар кишвар дар пеш мегирад, золим аст, роҳаш ботил ва ҳадафҳояш низ ғайриинсонӣ ва шайтонӣ аст”.

Ҳикматёр бо интиқод аз ташкили эътилофи Шӯрои олии наҷоти Афғонистон гуфт: Бархе аз гурӯҳҳо аз дарун, ҳукумати Афғонистонро тазъиф мекунанд ва талош доранд, раванди сулҳу оштиро дар кишвар ба чолиш бикашанд .

Ато Муҳаммади Нур, устондори Балх, Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини Абдулло Абдулло, раиси иҷроии давлати Афғонистон ва генерал Дӯстум, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ахирани эътилофе ба унвони "Наҷоти Афғонистон" алайҳи давлати ваҳдати миллии ин кишвар ташкил додаанд .

Гулбиддин Ҳикматёр, ки аз ҳомиёни давлат маҳсуб мешавад, дар ҳоле аз аҳзоби сиёсӣ хостааст, ташкилоти низомии худро мунҳал кунанд, ки бар асоси қарордоди сулҳ бо ҳукумати ваҳдати миллӣ, аъзои ҳизби исломӣ ба раҳбарии худи ӯ ҳам бояд халъи силоҳ шаванд .