Август 13, 2016 13:20 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Филиппин: Аз Амрико узрхоҳӣ намекунам

Раисҷумҳури Филиппин, ки изҳороти ҳафтаи гузаштаи ӯ дар бораи сафири Амрико дар Манила равобити дипломатии ду тарафро таҳти таъсир қарор додааст, гуфт, аз Амрико узрхоҳӣ намекунад.

Ба гузориши ИРНА, Рогдриго Дутерте, ки ҳафтаи гузашта дар суханронии худ дар ҷамъи низомиёни Филиппин, Филипп Глэдберг, сафири Амрикоро "ҳамҷинсбоз" ва "ҳаромзода" хитоб карда буд, рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба эътирози Кохи Сафед бо дифоъ аз суханони худ таъкид кард, барои ҳеҷ чиз узрхоҳӣ намекунад.

Сафири Амрико дар Филиппин рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки изҳороти Дутерте "номуносиб ва ғайриқобили қабул" будааст. Вазири умури хориҷии Амрико низ дар вокуниш ба ин суханони Дутерте кордори Филиппинро дар Вашингтон фаро хонда, хостори ташреҳи далоили ин изҳороти раисҷумҳури Филиппин шуд.

Масъалаи хусумат миёни раисҷумҳури Филиппин ва Глэдберг марбут ба қабл аз интихоботи июни соли 2016 дар ин кишвар аст. Қабл аз ин интихобот Дутерте изҳоротеро дар бораи ҳодисаи қатлу таҷовузи як корманди сафорати Австралия дар ин кишвар дар соли 1989 ба кор бурд, ки сафири Австралия онро тавҳиномез хонда эътироз кард. Глэдберг, сафири Амрико низ дар вокуниш ба ин моҷаро бо сафири Австралия ибрози ҳамбастагӣ кард.