Август 15, 2017 19:30 Asia/Dushanbe
  • Ифшои тарҳи террористии неонозиҳо алайҳи мусалмонон дар Бритониё

Мақомоти Бритониё аз боздошту бозҷӯии беш аз 40 нафар аз неонозиҳо ба иттиҳоми барномарезӣ барои ҳамалоти террористӣ алайҳи мусалмонон дар манотиқи мухталифи ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Санди таймз”, Созмони амнияти Бритониё рӯзи сешанбе эълом кард, бештари афроди гумонбари боздоштшуда аз ростгароёни ифротӣ буда, дар минтақаи Ёркшаире (Yorkshire)-и Англия зиндагӣ мекунанд. Созмонҳои амниятии Биритониё эълом кардаанд, шиносоии неонозиҳо душвортар аз шиносоии аъзои гурӯҳҳои террористӣ будааст.

Бритониё дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамалоти террористӣ будааст. Дар ҳамлаи террористии 22-юми майи имсол ба толори консертии «Арена» дар шаҳри Манчестер, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти онро бар уҳда гирифт, 22 нафар кушта ва 59 нафари дигар захмӣ шуд. Дар ҳодисаи террористии дигар як муҳоҷим бо мошин ба гурӯҳе аз мусалмонони наздики масҷиде дар шимоли Лондон ҳамла кард, ки дар натиҷа, як нафар кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуд

 

Барчасп