Таъкиди раиси Шӯрои уламои ғарби Афғонистон бар муқобила бо такфириҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21806-Таъкиди_раиси_Шӯрои_уламои_ғарби_Афғонистон_бар_муқобила_бо_такфириҳо
Раиси Шӯрои уламои ғарби Афғонистон бар лузуми эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар миёни мардуми ин кишвар ва мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2017 08:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Шӯрои уламои ғарби Афғонистон бар муқобила бо такфириҳо

Раиси Шӯрои уламои ғарби Афғонистон бар лузуми эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар миёни мардуми ин кишвар ва мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, мавлавӣ Худододи Солеҳ, раиси Шӯрои уламои ғарби Афғонистон аз уламои динии ин кишвар хост, аз тарвиҷи ақоиди ботил тавассути мубаллиғони такфирӣ ва ваҳҳобият дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд, зеро ин падида зойидаи хориҷиҳост.

Мавлавӣ Солеҳ ба уламо ҳамчунин ҳушдор дод, аз нуфузи гурӯҳҳои такфирӣ дар миёни мардуми Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд ва иҷоза надиҳанд, ки эътиқодоти ғалати ин гурӯҳҳо боиси аз байн рафтани эътиқодоти мардум дар ҷомеа шавад.

Ба гуфтаи ин олими динӣ, гурӯҳҳои такфирӣ дар Афғонистон дар натиҷаи мудохилоту тарҳҳои кишварҳои хориҷӣ дар кишварҳои исломӣ ва Афғонистон ба вуҷуд омадаанд.

Вай аз чеҳраҳои саршинос ва аз уламои аҳли тасаннун дар Афғонистон аст, ки пештар дар бораи нуфузи ақоиди ваҳҳобият дар байни онҳо ҳушдор дода буд.