Русия долларзудоӣ аз иқтисодашро оғоз кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21818-Русия_долларзудоӣ_аз_иқтисодашро_оғоз_кард
Давлати Русия коҳиши истифода аз долларро дар мубодилоти иқтисодӣ, оғоз кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2017 11:09 Asia/Dushanbe
  • Русия долларзудоӣ аз иқтисодашро оғоз кард

Давлати Русия коҳиши истифода аз долларро дар мубодилоти иқтисодӣ, оғоз кардааст.

Ба гузориши шабакаи “Russia Today”, Максим Орешкин, вазири тавсеаи иқтисодӣ гуфт, ки давлати Русия иқдом барои коҳиши истифода аз долларро дар иқтисоди ин кишвар оғоз кардааст.

Вай гуфт, «Бонки марказии Русия бархе гомҳои бисёр муҳиммро алайҳи вомдиҳӣ бо арзҳои хориҷӣ бардоштааст».

Оморҳои Бонки марказии Русия нишон медиҳанд, 60 дарсади қарзҳои хориҷии ин кишвар дар моҳи август, бар ҳасби доллари Амрико аст. Ин рақам, поинтарин мизон аз соли 2014 аст.

Коршиносон мегӯянд, таҳримҳои хориҷӣ ва сиёсатгузориҳои Бонки марказии Русия боис шуда, қарз бо рубл, барои вомгирандагон ҷаззобтар аз доллари Амрико бошад.