Август 21, 2017 17:14 Asia/Dushanbe
  • Оғози дубораи ҳамалоти мушакӣ аз хоки Покистон ба Афғонистон

Покистон ҳамалоти мушакӣ ба вилояти Кунар дар шарқи Афғонистонро аз сар гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, сухангӯи пулиси вилояти Кунар эълом кард, шаҳристонҳои Дангом ва Норӣ дар ин вилоят бори дигар ҳадафи ҳамалоти мушакии Покистон қарор гирифтааст.

Фаридуллоҳ Деҳқон афзуд, 85 адад мушак ба ин шаҳристонҳо партоб шуда, аммо аз талафоти он гузорише мунташир нашудааст.

Ин ҳамалот, ки дар гузашта низ боиси овора шудани ҳазорон нафар аз мардуми вилояти Кунар шуда буд, борҳо эътирозоти густурдаи мардумиро дар пай дошт ва омили асосии таниш дар равобити Кобул – Исломобод маҳсуб мешавад.

Чанд моҳ қабл, ҳукумати Афғонистон аз ин ҳамалот ба Созмони Милал шикоят ва борҳо сафири Исломобод дар Кобулро, дар эътироз ба ин мавзӯъ эҳзор карда буд.

Дар 6 соли гузашта бо вуҷуди талошҳои дипломатӣ ва эътирозоти мардумӣ, вилоятҳои шарқи Афғонистон ҳамвора ҳадафи ҳамалоти мушакии артиши Покистон қарор гирифтааст.

 

Барчасп