Раҳоии Русия аз қарзҳои Шӯравӣ
Маскав пас аз 26 сол аз қарзҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ халос шуд.
Ба нақл аз Ирно, Русия бо пардохти 125 миллиону 200 ҳазор доллар ба Босния ва Ҳерсеговина, пас аз 26 сол аз қарзҳи 96 миллиард доллари Шӯравӣ халосӣ ёфт .
Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, ҳангоми фурупошӣ дар соли 1991 беш аз 96 миллиарду 600 миллион доллар қарзи хориҷӣ дошт, ки Русия ба унвони меросдор, ба бозпардохти асл ва фоизҳои қарзҳо ночор шуд .
Русия соли 1998 тавонист барои 10 миллиард доллар аз қарзи хориҷии Шӯравӣ бахшудагӣ бигирад, аммо бо эҳтисоби фоизҳо, ҳудуди 100 миллиард доллар дар 25 соли гузашта пардохт кард .
Аз сӯи дигар, Шӯравӣ қарзҳое ба дигар кишварҳо пардохта буд, аммо ба ин сабаб, ки ағлаби кишварҳои қарзгиранда тавони бозпардохти онро надоштанд, Маскав ночор шуд, он қарзҳоро бубахшад .