Август 24, 2017 14:02 Asia/Dushanbe
  • Русия иддаои зиддиэронии Натанёҳуро рад кард

Танҳо чанд соат пас аз тарҳи иддаоҳои зиддиэронии нахуствазири режими саҳюнистӣ дар дидор бо раиси ҷумҳурии Русия, Маскав мавозеи такрории Бенёмин Натанёҳуро рад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Натанёҳу асри чаҳоршанбе дар дидор бо Владимир путин дар шаҳри Сочии Русия норизоятии худро аз ҳамкории Эрон ва Сурия барои мубориза алайҳи терроризм дар ин кишвар эълом кард.

Вай бо иддаои хатарсоз будани Эрон дар арсаи байналмилалӣ гуфт, Теҳрон дар ҳоли маҳкам кардани ҷойгоҳи худ дар Сурия аст.

Чанд соат пас аз тарҳи ин иддаои Натанёҳу, Маскав эълом кард, ки нақши Теҳрон дар ҳаллу фасли мушкили Сурия созанда аст ва ҳамкории наздике бо Маскав дар ин замина дорад.

Василий Небензя, намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт: “Мо аз мавозеи Исроил дар қиболи Эрон огоҳ ҳастем, аммо нақши ин кишварро дар Сурия созанда медонем”.

Небензя ҳамчунин таъкид кард, ки дар воқеъ бо талошҳои Русия, Эрон ва Туркия раванди музокироти Остона барои Сурия шакл гирифт, се минтақаи бидуни даргирӣ ташкил шуд ва кори эҷоди чаҳорумин маҳдудаи амн ҳам оғоз шудааст.

 Дипломати баландпояи рус дар поён гуфт: “Мо ҳамроҳи Эрон аз наздик кор мекунем то ҳар чӣ зудтар нуқтаи поёнӣ бар даргириҳои Сурия бигузорем”.

Пештар низ Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо радди иддаоҳои режими саҳюнистӣ дар бораи Эрон гуфта буд, Маскав, Теҳрон ва Ҳизбуллоҳ ҳомии Сурия дар мубориза бо терроризм ҳастанд.