Русия: Қарордоди 110 миллиардии Амрикову Арабистон “блеф” аст
Ожонси ҳамкории фаннӣ- низомии федералии Русия дар бораи воқеӣ будани қарордоди низомии ҳангуфти Арабистону Амрико ибрози тардид кард.
Ба гузориши рӯзномаи “Коммерсант”, Дмитрий Шугаев, раиси Ожонси ҳамкории фаннӣ- низомии федералии Русия гуфт, қарордоди Арабистон бо Амрико барои воридоти силоҳ ба қимати 110 миллиард доллар фақат метавонад ҷанбаи таблиғотӣ дошта бошад.
Шугаев ба рӯзномаи “Кеммерсант” гуфт: “Сода бигӯям, ин қарордод ғайривоқеӣ аст”.
Вай афзуд, барои бастан чунин қарордоде дастикам панҷ сол барномарезӣ лозим аст, бинобар ин агар воқеиятро бихоҳед, ин қарордод чизе ҷуз таблиғот нест.
Доналд Трамп моҳи майи имсол дар сафаре, ки ба Риёз дошт, қарордоди низомии бузурге ба арзиши 110 миллиард доллар бо Арабистон имзо кард.