Мушоҳидаи дуди машкук аз консулгарии Русия дар Сан-Франсиско
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22553-Мушоҳидаи_дуди_машкук_аз_консулгарии_Русия_дар_Сан_Франсиско
Як рӯз пас аз баста шудани консулгарии Русия дар Сан-Франсискои Амрико, дуди машкук ва сиёҳе аз дудкаши ин сохтмон мушоҳида шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • Мушоҳидаи дуди машкук аз консулгарии Русия дар Сан-Франсиско

Як рӯз пас аз баста шудани консулгарии Русия дар Сан-Франсискои Амрико, дуди машкук ва сиёҳе аз дудкаши ин сохтмон мушоҳида шуд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии шабакаи хабарии Си Би Эс-и Амрико, мақомоти консулгарии Русия дар Сан-Франсиско ба оташнишононе, ки барои сӯхторхомӯшкунӣ омада буданд, иҷозаи вуруд ба ин сохтмонро надоданд.

Бино бар эъломи бархе аз расонаҳои амрикоӣ, дуди сиёҳи машкук аз консулгарии Русия дар Сан-Франсиско аз ҳисоби сӯзонидани мадорик будааст.

Коркунони консулгарии Русия дар Сан-Франсиско маҷбуранд то мӯҳлати таъйиншуда аз сӯйи давлати Трамп, дар рӯз шанбе, қадимитарин консулгарии Русия дар Амрикоро таътил кунанд.

То ҳафтаи оянда Русия танҳо се консулгарӣ дар Амрико хоҳад дошт, ки бо теъдоди консулгариҳои Амрико дар Русия баробар мешавад.

 Вазири умури хориҷаи Русия пас аз тасмими Амрико барои таътилии се консулгарии он кишвар дар Сан-Франсиско, Вашингтон ва Ню-Йорк ибрози таассуф кард.