Сентябр 12, 2017 13:38 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зидди амрикоӣ дар пойтахти Афғонистон

Аҳолии ноҳияҳои шимолии вилояти Кобул имрӯз дар эътироз ба тавҳини низомиёни амрикоӣ ба муқаддасоти исломӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, даҳҳо нафар аз аҳолии навоҳии шимоли Кобул бо ҳузур дар бузургроҳи Кобул- Парвон дар ноҳияи Қарабоғи вилояти Кобул, шиорҳои зидди амрикоӣ сар доданд ва иҳонати нерӯҳои амрикоӣ ба муқаддасоти исломиро маҳкум карданд.

Тазоҳуроткунандагон бо бастани бузургроҳи Кобул- Парвон бар лузуми иқдоми қотеи давлати Афғонистон дар баробари тавҳини нерӯҳои амрикоӣ ба арзишҳои исломӣ таъкид карданд.

Рӯзи гузашта Маҷлиси намояндагони Афғонистон низ бо судури баёнияе беэҳтиромии низомиёни амрикоӣ ба муқаддасоти исломиро дар вилояти Парвон маҳкум кард.

 Низомиёни амрикоӣ ҳафтаи гузаштаи баргаҳои таблиғотии тавҳиномезеро аз ҳаво дар бархе манотиқи вилояти Парвон партоб карданд, ки дар ин баргаҳо шере дида мешавад, ки ба дунболи як саги сафед аст.

Рӯйи бадани ин саги сафед парчами гурӯҳи Толибон бо калимаи Тайиба “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳамад расулуллоҳ” нақш бастааст.