Ҳушдор ба сарони Ҳукумати Афғонистон
(last modified Mon, 15 Aug 2016 11:15:19 GMT )
Август 15, 2016 16:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор ба сарони Ҳукумати Афғонистон

Дар ҳоле ки аланӣ шудани ихтилофот миёни Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бар вазъияти сиёсию амниятии ин кишвар соя афкандааст, раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон дар бораи паёмадҳои он чӣ ихтилофоти шахсӣ миёни онон донист, ҳушдор дод.

Фазлулҳодӣ Мусалламёр аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ хост, ки ба ихтилофоти шахсӣ поён диҳанд ва дастовардҳои миллатро дар солҳои гузашта нобуд накунанд. Раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон дар маросими гушоиши парлумони ҷавонон таъкид кард, касоне, ки қудратро дар даст доранд, дастовардеро, ки миллати Афғонистон тайи 40 сол мунтазир буд, бо хок яксон накунанд.

Маросими гушоиши парлумони ҷавонони Афғонистон бидуни ҳузури Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор шуд. Ӯ, ахиран, дар нишасте эълом кард, Ҳукумати ваҳдати миллӣ бар асоси як тавофуқномаи сиёсӣ ташкил шуда, аммо раисҷумҳур ба ин тавофуқнома амал накардааст ва ӯ аз тасмимҳои Ашраф Ғанӣ дар интисобҳо бехабар мебошад. Раисҷумҳури Афғонистон ҳам аз изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ ибрози таассуф кард. Аз дидгоҳи ҷиноҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроия, ихтилофоти ӯ бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон натанҳо шахсӣ ва дуҷониба нест, балки мутаассир аз нодида гирифтани тавофуқномае аст, ки раисҷумҳур онро пазируфта, аммо дар амал эътиқоде ба он надорад.  Бар асоси ин тавофуқнома, қудрати сиёсӣ бояд байни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ тақсим шавад ва пас аз ислоҳи Қонуни Асосӣ ва тағйири низоми ҳукуматӣ аз раёсатӣ ба парлумонӣ ӯ ба унвони нахуствазири Афғонистон муаррифӣ  гардад.

Бо гузашти ду сол аз муҳлати дар назаргирифташуда барои иҷрои ин тавофуқнома, аз дидгоҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, натанҳо Ашраф Ғанӣ иродае барои иҷрои он надорад, балки ҷиноҳи ӯ дар парлумон то кунун монеъ аз тасвиби лаиҳаҳои марбут ба ислоҳи низоми интихоботӣ шудааст.

Дар ду соли ахир Абдуллоҳ Абдуллоҳ умедвор буд, бо ройзаниҳои пушти парда ва аланӣ накардани коршиканиҳои Ашраф Ғанӣ ва ҷиноҳаш умури мамлакатро пеш мебарад, аммо эътирозҳои ахири ҷиноҳи ӯ дар мавриди амалӣ нашудани тавофуқот аз як сӯ ва бурузи замзамаҳое дар хусуси лузуми ҳазфи Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сохтори қудрат ва табдили вай ба мухолифи давлат аз сӯйи ҷиноҳи Ашраф Ғанӣ боис шуд, то Абдуллоҳ Абдуллоҳ зимни ибрози хатар дар мавриди паёмадҳои ҳамкорӣ накардани Ашраф Ғанӣ дар иҷрои тавофуқномаи сиёсӣ ҳушдор диҳад.

Аз дидгоҳи наздикони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ӯ пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон буд, аммо мухолифон бо тақаллуб ва эҷоди шоиба дар шумориши овозҳо монеъ аз эъломи пирӯзии Абдуллоҳ Абдуллоҳ шуда, дар ниҳоят, баъд аз кашмакашҳои сиёсӣ бо дахолати СММ Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ин шарт, ки баъд аз ислоҳи Қонуни Асосӣ ба унвони нахуствазир дар низоми парлумонии Афғонистон муаррифӣ мешавад, симмати Шӯрои иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллиро пазируфт.  Аз ин рӯ, ҷиноҳи ӯ бар ин эътиқод аст, ки молики аслии ҳукумат Абдуллоҳ Абдуллоҳ аст.  Ба ҳар ҳол, аз он ҷо ки гуфта мешавад, паштунҳо дар Афғонистон мухолифи ба қудрати расидани соири ақвом ва ҷиноҳҳои сиёсӣ ҳастанд, акнун бо монеатарошӣ дар баробари иҷрои тавофуқномаи сиёсӣ дар сададанд, бо ин баҳона, ки муҳлати дусолаи тавофуқнома поён ёфтааст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҷиноҳашро аз қудрат канор бигузоранд. Ин мавзӯе аст, ки метавонад паёмадҳои хатарноке барои амнияти миллӣ ва ояндаи таҳаввулоти сиёсии Афғонистон ҳамроҳ дошта бошад.