Мухолифати Русия бо бознигарӣ дар БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i23459-Мухолифати_Русия_бо_бознигарӣ_дар_БАРҶОМ
Вазири умури хориҷаи Русия бо бознигарӣ ва ковиш дар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ ), мухолифат кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 23, 2017 17:30 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Русия бо бознигарӣ дар БАРҶОМ

Вазири умури хориҷаи Русия бо бознигарӣ ва ковиш дар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ ), мухолифат кард.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рӯз шанбе дар Нию-Йорк бо таъкид бар мавзеи ин кишвар дар ҳимоят аз БАРҶОМ, гуфт, Маскав бо бознигарӣ дар БАРҶОМ мухолиф аст ва Чин, Олмон, Фаронса ва Бритониё низ мухолиф чунин иқдоме ҳастанд.

Лавров афзуд, агар Амрико аз БАРҶОМ хориҷ шавад ва таҳримҳои якҷониба алайҳи Эронро, ки дар чорчӯби ин тавофуқ ду сол пеш лағв карда буд, дубора вазъ кунад, иқдоми Вашингтон паёми бисёр нодурусте барои Кореяи Шимолӣ хоҳад буд.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 мавсум ба БАРҶОМ аз январ 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳамвора бар хилофи мавозеи тарафҳои дигари БАРҶОМ, хоҳони барҳам задани ин тавофуқи байналмилалӣ аст.