Сентябр 26, 2017 18:30 Asia/Dushanbe

Кӯчиҳои вилояти Ҳирот, ғарби Афғонистон расидагии фаврии давлати Кобулро ба мушкилоташон хостор шуданд.

Ба гузориши "Радиои дарӣ"-и Садо ва симои Эрон, дар нишасте ки бо ҳадафи решаёбии мушкилоти кӯчиён ва интиқоли шикоятҳои онҳо ба Ҳукумати Афғонистон баргузор шуд, Муҳаммадориф Исҳоқзай, яке аз сарони қавми кӯчиҳо ҳалли мушкилоти ин гурӯҳи қавмиро аз вазоифи давлати Кобул донист. Маҳрум будани кӯчиҳо аз оби солими ошомиданӣ, саводу имконоти омӯзишӣ, набудани маҳаллаҳои зист барои онон дар навоҳӣ ва ҳузури мухолифон дар манотиқи кӯчинишин аз умдатарин мушкилоти кӯчиёни ғарби Афғонистон эълом шуд.

Тибқи оморе, ки масъулони кӯчиҳо ироа медиҳанд, ҳамакнун ҳудуди шаш миллион кӯчӣ дар Афғонистон ҳузур дорад, ки шумори қобили таваҷҷуҳе аз онон дар ғарби ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Навоҳии Гулран, Кӯшк, Работи Сангӣ, Кӯшки Куҳна, Кӯҳсон, Адраскан ва Шинданди вилояти Ҳирот аз ҷумлаи манотиқе ҳастанд, ки бештарин теъдоди кӯчиёнро дар худ ҷой додаанд.